Меню

Fardo Consulting

Ширкати консалтинги ватани буда, дар самтҳо машварати молиявию ҳуқуқӣ, ташкил ва пешбурди бизнес, рақамкунии соҳаҳои давлатию хусусӣ, омода намудани сомонаҳо барои корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ, пешбурди самтҳои маркетингӣ ва дигар самтҳои хизматрасонӣ менамояд.
Гирифтани машварат

Хизматрасониҳои мо

Мо якчанд самтро барои рушд пешниҳод мекунем. Агар шумо хизматрасонии лозимаро пайдо накунед, мо ҳамеша омодаем вохӯрӣ намоем ва баррасӣ кунем, ки чӣ гуна метавонем ба шумо кӯмак расонем.

Бақайдгирӣ ва оғози фаъолияти соҳибкорӣ

Сикли пурраи ҳамроҳӣ ҳангоми таъсиси ширкат:
— Бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳо дар мақомоти андоз (Равзанаи ягона)
— Омода намудани Оиннома ва муҳри Ширкат
— Кушодани утоқи шахсии андозсупоранда; гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА)
— Кушодани ширкат дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)
— Кушодани суратҳисоби бонкӣ

Хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ва кадрӣ

Дастгирии боэътимоди ҳуқуқӣ барои фаъолияти шумо:
— Амалиёти нотариалӣ
— Машварати ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ
— Омода ва ҳамроҳии ҳуҷҷатҳои соҳаи кадрӣ
— Омӯзиш ва омодасозии мутахассисон дар самти кадрҳо (HR)

Муҳосибот ва молия

Ҳисоботдиҳӣ, муҳосибӣ ва барқарорсозии ҳуҷҷатгузорӣ:
— Аутсорсинги хизматрасониҳои муҳосибӣ
— Ба роҳ мондан ва барқарор намудани муҳосибот
— Машварат оид ба масъалаҳои андоз ва молиявӣ
— Омода намудани нақшаҳои тиҷоратӣ барои сармоягузорон ва шарикон

Бизнес-тренингҳо ва рушд

Дониш ва малакаҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
— Гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва бизнес-тренингҳо
— Дастгирии соҳибкорон дар ҳамаи марҳилаҳои рушди бизнес
Бартариҳои мо
Мизоҷон ба мо дар душвортарин масъалаҳо боварӣ доранд, зеро медонанд, ки мо ба онҳо кӯмак мерасонем.
Солҳои таҷриба
Ҳамаи мутахассисони мо таҷрибаи зиёди амалии ҳуқуқӣ доранд.
Маҳрамонагӣ
Шартномаи хизматрасонӣ ба имзо мерасонем. Маълумоти шахсии шумо аз ҳудуди дафтари мо берун нахоҳад рафт.
Равиши инфиродӣ
Коркарди инфиродӣ бо ҳар як мизоҷ имкон медиҳад, ки ҳатто мушкилтарин масъалаҳо ҳал карда шаванд.
Хизматрасонии аъло
Мо хизматрасонии босифат пешниҳод мекунем ва мизоҷони худро қадр менамоем.
Самаранокӣ
Ба ҳар як парванда мутахассисе таъин мегардад, ки ҳамзамон танҳо бо ширкати шумо кор мекунад.
Судмандӣ
Мо барои хизматрасониҳои стандартӣ нархҳои муайян дорем, бинобар ин шумо ҳамеша медонед, барои чӣ пардохт мекунед.
Шарикони мо
Намедонед, аз куҷо оғоз кунед? Бо мо тамос гиред — мо кӯмак мерасонем!
Тамос бо мо
+992072801717
Fardoconsulting@gmail.com
ш. Душанбе, н. Сино, кӯчаи Шерализода 54/3, ошёнаи 1
Дархост барои машварати ройгон фиристед
Мутахассиси мо бо шумо тамос мегирад, то сана ва вақти вохӯриро мувофиқа намояд.

© Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Fardogroup.com

Made on
Tilda